гурехтан

гурехтан
[گريختن]
1. шитобон дур шудан аз назди касе ё аз чизе, давида (тохта) рафтан аз ҷое, босуръат дур шудан; барои халос шудан аз таъқибу қайди касе ё чизе аз ҷое ба ҷои дигар бошитоб рафтан, фирор кардан
2. дур шудан, канор ҷустан, худро дур гирифтан: аз касе гурехтан
3. рӯй пинҳон кардан, аз марди бегона рӯй панаҳ кардани зан: духтар аз вай намегурехт
4. рафтан: хаёли касе гурехтан; аз коре гурехтан худро аз иҷрои коре ба канор гирифтан, аз коре сар тофтан: аз хизмати аскарӣ гурехтан; аз ҷое гурехтан бошитоб тарк кардан ҷоеро, фирор кардан аз ҷое
◊ аробаи холиро гирифта гурехтан а) моҳияти масъаларо нафаҳмида, шӯру валвала ё талош кардан; б) бе асос воҳима кардан; гапаш гурехт муносибаташ вайрон шуд, бо касе тезутунд шуд; думашро хода карда гурехт шармандавор гурехт, расво шуда фирор кард

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужна курсовая?

Смотреть что такое "гурехтан" в других словарях:

  • гурехтанӣ — [گريختني] сифати феълии замони оянда аз гурехтан; гурехтан хостан, қасди гурез кардан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гурез — I [گريز] 1. асоси замони ҳозира аз гурехтан; гурез! феъли фармоиш дур шав!, худро ба канор гир!, роҳ деҳ! 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои гурезанда: коргурез, одамгурез… II [گريز] 1. гурехтан, фирор, гурезиш; гурезгурез… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гурезон — [گريزان] 1. феъли ҳол аз гурехтан; дар ҳолати гурехтан будан, дар гурез 2. сифати феълии замони ҳозира аз гурехтан; фирорӣ, гуреза; гурезон шудан гурехтан, фирор кардан, фирорӣ шудан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • рам — I [رم] тарс, гурез, ҳарос, тарсидаву ҳаросида гурехтан ё хӯсидан; рам хӯрдан гурехтан, ҳаросида гурехтан (аз чизе), хӯсидан; рам додан тарсонидани ягон ҳайвон ва ё ягон ҷонваре монанди асп, оҳу ва ғ. II [رم] шакли кӯтоҳшудаи рама …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гурезона — [گريزانه] феъли ҳол аз гурехтан; дар ҳоли гурехтан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • дум — [دم] 1. қисми ақиби бадани ҷонварон, дунболаи ҷонварон, дунб: думи гов, думи гурба, думи каждум, дум ликкондан, дум ҷунбондан ( и саг) 2. қисми борик ё тангшудаи охири чизе; қисми охири чизе, дунбол: думи бодбарак, думи киштӣ, думи ҳавопаймо 3.… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • маза — [مزه] 1. эҳсосе, ки аз чашидан, хӯрдану нӯшидани чизе дар даҳону забони одам пайдо мешавад, таъм 2. лаззат, ҳаловат; маза гурехтан а) ҳоли касе бад шудан, нотоб шудан; б) маҷ. аз равнақ афтодан; мазаро гурезондан а) тарзи бавоситаи маза гурехтан; …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • патак — [پتک] порчаи мулоими матоъ ё намад, ки барои нарм доштани пой дар даруни пойафзор гузошта мешавад ◊ патаку пайтоба шудан саросема ба коре машғул шудан; дар атрофи касе, чизе чарх задан (барои хизмати вай); кафшро монда ба патак (патакро пӯшида)… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • фирор — [فرار] а. гурехтан, гурез, гурезиш; фирор кардан гурехтан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҷуфтак — [جفتک] 1. лагадзанӣ бо ҳар ду пой 2. ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда гурехтан; ҷуфтак задан а) лагад задан; б) якбора ва бо ҷаҳидан гурехтан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»